Имоми бадзабони узбек дастур дод, барои таъмири масҷид пул ҷамъ кунанд

Имом-хатиби ноҳияи Риштони Узбекистон Муҳаммаднабӣ Орипов ба зердастонаш дастур дод, ки то оғози моҳи Рамазон аз мардум барои таъмири масҷид маблағ ҷамъоварӣ кунанд. "Ба Рамазон омода шавед. Барои ман муҳим нест, ки шумо аз куҷо ва чи гуна маблағ пайдо мекунед, муҳим ин ки пайдо шавад. Фосидҳо, баҳонаҷӯӣ накунед. Ман ба шумо уҳдадории саддарсадӣ медиҳам", - нақл кард яке аз имомони ноҳияи Риштон аз қавли имом-хатиб.

"Гӯш кунед, ин ба ҳама дахл дорад! Модарбахатоҳо, маблағро ҷамъоварӣ кунед ва баъд моҳона бигиред. Агар касе ҳарфе ба ҷое расонад, ӯро ба якҷо мехалонам. Ман мардонавор суҳбат мекунам. Э, касе наметавонад чизеро исбот кунад", - гуфтааст имом-хатиб дар ҷаласаи зердастонаш.

Муҳаммаднабӣ Орипов дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, "имомонро барои тоза нигаҳ доштани масҷидҳояшон таъкид кардааст". "Намедонам. Ман танқид кардам, вале дашном на. Ман аз онҳо даъват кардам, ки масҷидҳояшонро таъмир кунанд ва тоза нигаҳ доранд", - гуфт вай.