Узбекистон ва "Шабакаи аввал"-и Русия дар доираи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи бахши расонаву иртиботот тасмим доранд, як шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳанд.
Ин мавзуъ дар мулоқоти вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Узбекистон Азим Аҳмадхоҷаев ва муовини вазири алоқа ва расонаҳои Русия Алексей Волин баррасӣ шуд.
Ҳайати Русия ҳамтоёни узбекашонро бо таҷрибаи гузариш ба пахши рақамии Русия ошно кард. Ҳайати Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки як шабакаи телевизионии муштарак таъсис дода шавад. Дар ин шабака коргардонони рус дар бораи шахсиятҳои барҷастаи узбек барномаҳо ва филмҳои мустанад таҳия хоҳанд кард.