КДЖ ба Қазоқистон: таъқиби журналистон хотима ёбад

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, ки таъқиби ҷиноии ду расонаи мӯътабар ва хабарнигорони онро қатъ кунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 13 апрел аз ҷониби созмони воқеъ дар Ню-Йорк нашр шуд, аз мақомот тақозо мешавад, ки “маъракаи таъқиб” алайҳи вебсайти Ratel.kz ва маҷаллаи Forbes-и чопи Қазоқистонро хотима диҳанд. Рӯзи 2 апрел полиси Алматӣ қароргоҳи ин ду нашрияро тафтиш карда, компютеру санадҳои дар офис пайдошударо мусодира кард. Тафтишоти полис инчунин дар хонаҳои чанд журналисти ин нашрия ҳам идома кард. Чанде баъд полис гуфт, ки тафтиши онҳо дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноии бар асоси аризаи 30 март ироашудаи Зайнулло Ҳакимҷонов сурат мегирад. Ҳакимҷонов як соҳибкор ва собиқ вазири молия аст, ки иддао кардааст ин нашрияҳо ба обрӯи ӯву писараш осеб расониданд.