Задухӯрд дар марзи Афғонистону Покистон: чанд нафар кушта шуд

Ҷоҷимайдони Хуст. Рӯзи 16 апрели соли 2018

Полиси нирӯҳои марзбонии Афғонистон ва нирӯҳои ниманизомии ҳукумати Покистон дар наздикии қитъаи баҳсии марзи ду кишвар вориди задухӯрд шуданд ва дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб чанд нафар кушта ва захмӣ шуд. Нирӯҳои ниманизомии Покистон масъулияти таъмини амният дар марзро ба ӯҳда доранд. Мақомоти амниятии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳодисае, ки рӯзи 15 апрел дар ноҳияи Ҷоҷимайдони вилояти шарқии Хусти Афғонистон рух дод, ду афсари полиси Афғонистон ва шаш сарбози покистонӣ кушта шуданд.

Мақомоти Покистон дар сӯҳбат бо Reuters гуфтанд, ки аз ҷониби онҳо ду сарбоз кушта шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси полиси Хуст Абдул Ҳанон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки задухӯрд субҳи якшанбе якбора дар се нуқтаи марзӣ сар зад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин ки полиси афғон покистониҳоро ҳушдор доданд, марзбонҳои покистонӣ марзро убур карданд. Ҳанон гуфт, ки нахуст покистониҳо ба сӯи афроди мулкӣ, ки хостанд пеши роҳи онҳоро бигиранд ва баъдан ба сӯи полиси марзи Афғонистон оташ кушоданд. Ҳарфҳои Ҳанонро феълан аз ҷониби манобеи мустақил санҷидан амри маҳол аст.