Оғози сабти номи раъйдиҳандагон дар Афғонистон

Ҳанӯз бисёре аз манотиқи Афғонистон ноамн аст.

Дар Афғонистон рӯзи 14-уми апрел сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои вилоятӣ шурӯъ шуд. Қарор аст, интихобот моҳи окятбр сурат бигирад ва мақомот умедворанд, дар ду моҳи оянда 14 миллион зану мардро, ки ҳаққи раъй доранд, сабти ном кунанд.

Аммо теъдоди зиёде аз 7300 маркази раъйдиҳӣ дар Афғонистон дар манотиқе аст, ки ё зери назорати ҷангҷӯён қарор доранд, ё амн нестанд. Ба қавли мақомот аввал сабти номи раъйдиҳандагон дар марказҳои вилоятҳо сурат мегирад ва сипас ба ноҳияҳву дигар шаҳрҳои алоҳида мераванд.

Қарор буд, интихоботи порлумонии Афғонистон соли 2015 сурат бигирад, вале ба далели ноамнӣ ва баҳсҳо сари низоми интихоботӣ ба таъхир андохта шуд. Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки интихобот ба Вулуси Ҷирга ва ё порлумони Афғонистонро, ки 249 курсӣ дорад, қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда баргузор мекунад.