Садҳо нафар аз сокинони вилояти Маскав ба нишони эътироз аз олудагии ҳаво дар макони зисташон ба тазоҳурот баромаданд. Аз ҷумла 1000 нафар дар шаҳри Волокаламск зимни намоиши эътирозӣ аз мақомот хостанд, партовгоҳи азимеро дар рустои Ядрово бубанданд.
Тазоҳурот дар ин минтақа баъди он шурӯъ авҷ гирифт, ки охири моҳи март чандин нафар бахусус кӯдакон бар асари дуди хориҷшуда аз партовгоҳ заҳролуд шуданд.
Дар Ядрово, ки соли 2008 боз шуд, партовҳои азими Маскав ва навоҳии атрофи онро нигаҳ медоранд. Рӯзи 14-уми апрел садҳо нафар аз сокинони шаҳри Серпухов ба кӯча баромада аз мақомот хостанд, партовгоҳеро дар наздикии маҳалли зисташон бубанданд.
Дар шаҳри Лобня, садҳо нафари дигар ба зидди сохтмони корхонае эътироз карданд, ки қарор аст, дар он партовҳоро бисӯзонанд.