Оғози интихоботи сарнавиштсози Черногория

Дар Черногория интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд ва интизор меравад, дар он Мило Дюканович, нахуствазир ва раиси ҷумҳури собиқ пирӯзӣ ба даст биёрад.

Интихоботи рӯзи 15-уми апрел маълум мекунад, ки оё ин кишвари хурди 640 ҳазор нафарӣ дар Аврупо дар роҳ ба сӯи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо мемонад ва ё дигарбора ба мадори Русия бармегардад.

Назарсанҷиҳо дар Черногория нишон додаанд, ки Мило Дюканович мумкин аст бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва баъди ду соли танаффус дигарбора ба саҳнаи сиёсӣ дар кишвараш баргардад. Бар асоси ҳамин пешбиниҳо мумкин аст, Младен Боянич, рақиби ӯ дар интихобот бештар аз 35 дар сади раъйи мардумро соҳиб шавад.

Боянич, вакили собиқи мардумист, ки ҳамаи аҳзоби мухолифи давлат аз ҷумла русиягароён тарафдораш ҳастанд, ки мехоҳанд, узвияти Черногория дар НАТО муттавақиф шавад. Дар умум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 5 нафар номзад ширкат мекунанд.