Зуҳуров: Тарҳи шарикии стратегӣ бо Узбекистон омода шуд

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон – гуфт, ки тарҳи созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Узбекистон омода шудааст. Зуҳуров дар ин бора рӯзи 13-уми апрел дар ҷараёни сафараш ба Санкт-Петербурги Русия хабар дод.

Ӯ гуфт, созишнома ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо хоҳад шуд, вале санаи мушаххасеро ба забон наовард.

Раиси порлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар тақрибан 25 соли гузашта мушкилоти зиёде миёни Тошканду Душанбе ҷамъ шуда, яхи азимеро ташкил дода буд. Ӯ гуфт, якуним сол қабл, баробари ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон ин ях ба обшавӣ сар кард.

"Моҳи марти имсол дар ҷараёни сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон бисёре аз мушкилҳои ҷамъшуда ҳал гардид. Мо 27 санаду созишнома имзо кардем. Солҳо ба ҳудуди якдигар рафта наметавонистем. Агар касе аз наздикон дар он сӯи марз мефавтид, барои гӯручӯб расида наметавонистанд”, - афзуд ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ҳоло равуо натанҳо осон, балки бештар шудааст: “Ҳар рӯз даҳ ҳазор нафар – 6 ҳазор аз Узбекистон ба Тоҷикистон ва чаҳор ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Узбекистон мегузаранд. Ман бо президент Шавкат Мирзиёев вохӯрӣ доштам ва фаҳмидам, ки иродаи қавии сиёсӣ дорад ва мехоҳад муносибат бо ҳамсояҳо хуб шавад”.

Рӯзи ҷумъа сафири Узбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов низ баъди таслими боварнома ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, танҳо дар моҳи март аз марзи ду кишвар 300 ҳазор нафар гузаштаанд.

Муносибати Тоҷикистону Узбекистон дар даврони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, ба сардӣ печида, тақрибан ҳамаи гузаргоҳҳо баста буданд ва барои убури марз сокинон ба виза ниёз доштанд.