Трамп ҳамла ба корхонаҳои кимиёвии Сурияро муваффақомез хонд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки ҳамлаи шаби гузашта ба Сурия “наметавонист натиҷаи аз ин беҳтар дошта бошад”. Вай рӯзи 14-уми апрел дар “Твиттер” навишт, ки “маъмурият анҷом шуд”.

Трамп, инчунин, аз Фаронсаву Бритониё ба хотири “ҳушмандӣ ва қудрати олии низомӣ” сипосгузорӣ кард.

Раиси ҷумҳури Амрико дар паёми баъдиаш дар “Твиттер” нирӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаро боис ба ифтихор донист ва ёдовар шуд, ки миллиардҳо доллар барои тавони беҳтари ҳарбии Амрико ҳазина шудааст.

Шаби гузашта Амрикову Бритониё ва Фаронса ба корхонаҳои тавлиди силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ҳамла карданд. Ин иқдоми низомӣ боис ба вокунишҳои мухталиф шуд. Муттаҳидони Сурия онро маҳкум ва мухолифони режими Башор Асад аз он ҳимоят карданд.