"Дар як моҳ 300 000 нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро гузаштанд"

Эргаш Шоисматов

Сафири тозатаъйини Узбекистон дар Тоҷикистон гуфт, танҳо дар моҳи марти имсол марзи ду кишварро 300 ҳазор нафар убур кардаанд. Эргаш Шоисматов ин иттилоъро рӯзи 13-уми апрел, пас аз таслими эътимоднома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баён кард.

Ӯ гуфтааст, убуру мурури теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ вобаста аст, ки моҳи марти имсол сурат гирифт. Ин гузаргоҳҳо ба камияш даҳ соли охир баста буданд.

«Санадҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак омода мешаванд. Робитаҳои фарҳангӣ низ фаъолона рушд доранд», - афзудааст сафир.

Бино ба созиши Тоҷикистону Узбекистон, шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд, ки ба қаламрави якдигар бе виза (дар муҳлати як моҳ) равуо кунанд. Феълан беш аз даҳ гузаргоҳ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар боз аст.

Эргаш Шоисматов дар оғози имсол сафири Узбекистон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин мақом Шоҳқосим Шоҳисломовро иваз кард. Вай 67 сол дошта, аз 1996 то 2001 дар мақоми вазири энергетикаи Узбекистон кор кардааст.

Дар солҳои 2001-2006 масъули ширкати «Узбекэнерго» ва аз соли 2006 то 2010 муовини нахуствазир буд. Аз моҳи декабри соли 2016 масъулияти «Uztransgaz»-ро ба уҳда дошт.