Ташхис сабаби садама бо иштироки Саидмуъмин Исломов, муфаттиши БДА-и Кӯлобро, ки дар натиҷаи он наврас Фирдавс Ҳалимов ҷон бохт, “айби техника” гуфтааст. Дар Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки “Саидмуъмин Исломов имкони пешгирӣ аз садамаро надошт”.
Таваккалаш ба Худо. Намехоҳам ҳамон одамро бинам. Аз рӯзе, ки писарам рафт, бемор шудам
Фирдавс Ҳалимови понздаҳсола, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 13-уми феврали имсол зери чархи мошини муфаттиши БДА монд ва баъди расидан ба бемористон ҷон дод. Лаҳзаҳои садама тариқи дурбинҳои назоратӣ сабт шуда, баъзе аз порчаҳои он дастраси Радиои Озодӣ низ гардидааст.
Қазияро додситонии минтақа таҳқиқ мекунад
Ҳоло тафтиши қазияро Додситонии минтақаи Кӯлоб пеш мебарад. Дар додситонӣ гуфтанд, ки нисбат ба Саидмуъмин Исломов парванда боз нагардид, аммо ӯ аз кор ронда шуд. “Вай дигар ба кор барнамегардад. Додситонии минтақа қазияро аз сари нав месанҷад ва хулосаи худро хоҳад дод”, - гуфт манбаи мо дар Додситонии Кӯлоб рӯзи 14-уми апрел.
Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Фирдавс Ҳалимов мегӯянд, алайҳи Саидмуъмин Исломов ҳеч даъво накарданд. Аммо мегӯянд, бояд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ӯро бар асоси қонун ҷазо медоданд. Ба иддаои хонавоади Фирдавс Ҳалимов, гӯиё Саидмуъмин Исломов шахсан ба хонаи онҳо омада, баёнот гирифтааст, ки нисбат ба ӯ шикоят надоранд. Иттилое, ки тасдиқаш аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.
"Ба Худо супурдам"
Сарвиноз Ҳалимова, модари Фирдавс Ҳалимов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман бахшидам. Нисбат ба ӯ ягон даъво надорам. Таваккалаш ба Худо. Худованд сариштааш кунад. Намехоҳам ҳамон одамро бинам. Аз рӯзе, ки писарам рафт, бемор шудам.”
Бо гузашти ду моҳ аз ҳодиса Саидмуъмин Исломов боре ҳам қазияро шарҳ надодааст. Вале қаблан дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб гуфта буд, ки пас аз анҷоми таҳқиқи ҳодиса бо журналистон сӯҳбат хоҳад кард.
Видео: Дурбинҳои назоратӣ садамаи маркази Кӯлобро ба навор гирифтаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе сокинон мегӯянд, "қонун барои ҳама як нест"
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти вақт дар миёни сокинони Кӯлоб сару садое ҳам ба гӯш мерасад, ки масъала дар интихобӣ будани муҷозот ва татбиқи меъёрҳои қонун аст.
Дар чанд соли гузашта қазияҳои пурсарусадои зиёди садамаҳои маргбор дар ҷодаҳои Душанбе ҳам дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод шудааст. Аксар матбуоти мустақил аз “об хушк” баромадани омилони садамаҳои пурфоҷеаро фаъолона баррасӣ мекунанд.
Як намунаи барҷастаи чунин садама шоми 9-уми октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ (писари Амонулло Ҳукумов, раиси вақти ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) рух дод, ки бо марги се нафар анҷомид. Инчунин, садамаи 10-уми сентябри соли 2016 бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, боис ба марги ду нафар шуд. Аксари чунин ҳодисаҳо бо пардохти ҷаримаву муҷозоти сабуки маъмурӣ анҷомидааст.
Ҳар сол садҳо нафар дар садамаҳо ҷон медиҳанд
Шеваи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд. Дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 1000 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар натиҷаи онҳо 380 нафар ҷон бохтанд. Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 422 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ фавтиданд.