Додгоҳи ноҳияи Таганскии Маскав рӯзи ҷумъа қарор кард, ки фаъолияти паёмрасони Telegram бо талаби Роскомназор дар қаламрави Русия манъ шавад. Дар ин бора хабаргнигори "Радио Свобода" аз толори додгоҳ гузориш дод.
Идораи назоратии Русия гӯё ба хотири маълумоте, ки метавонад аз тарафи созмонҳои террористӣ истифода шавад, манъи оҷили дастрасӣ ба Telegram-ро талаб карда буд.
Намояндагони Telegram дар толори додгоҳ ҳузур надоштанд ва баррасии шикояти Роскомнадзор ҳудудан 20 дақиқа давом кард. Рӯзи гузашта Павел Дуров- бунёдгузори Telegram ба вакилонаш дастур дод, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок накунанд. Додгоҳ дархости ваклонро дар бораи мутавақиф шудани мурофиа рад кард.
Ҳафтаи гузашта муҳлате, ки Росткомнадзор ба раҳбарияти Telegram дод, ба охир расид. Ин ниҳод аз раҳбарони паёмрасон талаб кард, ки дастрасии Хадамоти федеролии амният - ФСБ ба калидҳои боз кардани пайғомҳои корбаронро таъмин кунад. Telegram талабро рад кард ва гуфт, ки он аз ҷиҳати фаннӣ иҷрошаванда нест.