Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дидору гуфтугӯ кард. Намояндаи доимии Қирғизистон дар Комисияи Аврупо ва сафири ин кишвар дар як қатор давлатҳои аврупоӣ Асеин Исоев баъзе аз ҷузъиёти ин гуфтугӯҳоро ошкор кард.
"Сухани аз ҳама муҳими президент ин буд, ки гуфт, мо ба демократияи порлумонӣ мегузарем. Онҳо аз тасмими президент дар бораи дар мадди аввал гузоштани ҳамкориҳои сиёсӣ истиқбол карданд. Зеро агар масоили сиёсӣ ҳалли худро ёбанд, пас тамоми мушкилот, аз ҷумла иқтисодӣ низ бартараф хоҳанд шуд. Ҳоло имзои созишномаи навро баррасӣ дорем. Амр шудааст, ки онро дар дувуним сол ба поён расонем. Ин санад ҳамкориҳои мо бо Аврупоро ба сатҳи нав хоҳад расонд", - изҳор дошт Исоев.
Ба гуфтаи сафири Қирғизистон, президент Ҷеенбеков дар ҷараёни мулоқоти худ гуфтааст, ки аз роҳи демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон барнамегардад.