Додгоҳи СММ ҳукми як сиёсатмадори миллатгарои Сербия Воислав Шешелро қисман бекор кард. Шешел барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи инсоният ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ гуфт, ки Шешел аллакай ин ҳукмро пушти сар кардааст. Бар асоси Механизми додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ, Шешел аллакай мӯҳлати аз ҷониби додгоҳи Гаага муқарраршудаи зиндонро пушти сар кардааст. Ӯро соли 2003 истирдод карданд ва давоми тахминан 12 сол Шешел дар шароити боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар бурдааст. Соли 2014 ӯ бо сабабҳои тиббӣ ба Сербия баргашт ва замони эълони ҳукм дар Гаага дар мурофиа ҳозир нашуд. Шешел дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ дар сӯҳбат бо оҷонсии Ассошейтед Пресс гуфт, ки аз ҳамаи ҷиноятҳои ба номи ӯ мансубшуда “ифтихор дорад ва омода аст, ки дар оянда ҳам онҳоро содир кунад”.