Айби Бахтиннисо буд, ё шавҳараш? Моҷарои як ҷуфт ду тифлро ятим кард

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Кушониён (Бохтари собиқ) ба таҳқиқи қатли Бахтиннисо Давлатова шурӯъ кардаанд. Ин зан шаби 9-уми апрел дар ҷамоати "Сарвати Истиқлол" бо даҳ зарби корд кушта ва сипас, гулӯяш бурида шудааст.

Бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса шавҳари ӯ Саидвалӣ Содиқовро дастгир кардаанд. Содиқови 29-сола дар бозпурсиҳои аввал иқрор кардааст, ки ҳамсараш Бахтиннисоро ӯ кушт ва ин ҳодиса пас аз моҷарое байни онҳо итифоқ афтод. Ҳосили зиндагии ин ҷуфт, ки бо моҷаро анҷомид, ду тифл – Саидалӣ ва Муҳаммадҷони ширхор – аст, ки феълан барои парасторӣ ба дасти холаашон супурда шудаанд.

Ҳодисаи қатл ва талоши куштори ҳамсарон аз сӯи шавҳарон дар ҷомеаи Тоҷикистон бори аввал нест.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Кушониён рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса пас аз он сар задааст, ки гӯё зан шиносномаи шавҳарашро даррондааст. "Зоҳиран ба асаби мард расидааст, ки ба тани ӯ чанд корд задаву гулӯяшро буридааст. Аммо дар зиндагӣ камбуд надоштаанд. Соҳиби хонаи алоҳида будаанд”,-афзуд ӯ.

Давлатҷон Давлатов, падари Бахтиннисо, мегӯяд, духтараш бегуноҳ буд ва қурбонии рафтори, ба қавли ӯ, "ваҳшиёнаи домод"-аш шудааст. "Домодам дар муҳоҷират буд. Мегуфт, ки писари калониашро ҳамроҳ бо худ мебарад. Бар сари ин мавзӯъ ҷанҷол буд. Насиҳат мекардем. Мегуфт, ки зани дигар дорад ва бояд писари калониашро ба Русия бибарад",- афзуд ӯ.

Падари Бахтиннисо мегӯяд, то охир барои тантанаи адолат талош хоҳад кард ва аз мақомоти додситониву додгоҳӣ ҳам хостааст, ки ба омили марги духатараш ҷазои муносиб бидиҳанд.

Фатҳиддин Содиқов, бародари Саидвалӣ Содиқов, гуфт, бародарашро дастгир кардаанд ва то ба ҳол дар куҷо нигаҳдорӣ шуданаш барои онҳо маълум нест. Ӯ тасдиқ кард, ки дар хонаи бародараш "ҳамеша моҷаро буд."

Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ парванда боз шудааст.

Ҳодисаи қатл ва талоши куштори ҳамсарон аз сӯи шавҳарон дар вилояти Хатлон бори аввал нест. Моҳи октябри соли гузашта Абдураҳмон Бадиев, сокини ноҳияи Кушониён, барои соҳибӣ ба замин ба сари зану духтараш корд кашид ва сипас худкушӣ кард.