Шбакаи телевизионии BBC гуфт, ки Юлия Скрипал Юлия Скрипал, духтари корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал аз бемористони Солсберии Британия мураххас шуд.
Пеш аз ин шабакаи телевизионии Sky News бо такя ба манбаҳояш гуфт, ки Юлия Скрипал имрӯз аз бемористон ҷавоб мешавад. Падару духтар баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб ба ин бемористон интиқол ёфтанд.
. Ба гуфтаи Sky News табибони бемористон Солсберӣ бояд дар робита ба вазъи сиҳатии Юлия Скрипал рӯзи 10 апрел изҳороти махсус пахш кунанд.
Падару духтар Скрипалҳо рӯзи 4 март аз гази фалаҷкунандаи "Новичок", ки гуфта мешавад истеҷсоли Русия аст, , заҳролуд шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале баъдан ҳолашон беҳбуд ёфта, аввал Юлия ва сипас падари ӯ ба ҳуш омад. Табибон мегӯянд, ки сиҳатии онҳо "босуръат барқарор мешавад".
Юлия Скрипал аз замони баҳуш омаданаш бо матбуот сӯҳбат накардааст. Маълум нест, ки ӯ бо муфаттишҳо дар тамос буд ё не.
Британия дар суиқасд ба ҷони Скрипал ва духтари ӯ Русияро гунаҳкор кард ва гуфт, ки Маскав барои ҳамла ба онҳо ангеза дошт. Маскав иттиҳомро рад мекунад.
Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.