Бино ба иттилои маҷаллаи "Форбс", 50 шаҳрванди сарватмандтарини Русия дар пайи поин рафтани арзиши бозори саҳоми ин кишвар, ба далели таҳримҳои нави ИМА, тақрибан $12 миллиарди худро аз даст доданд.
Дороиҳои соҳибкори рус Олег Дерипаска, ки номашро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид кардаанд, тайи як шабонарӯзи ахир беш аз як миллиард доллар кам шуд. Шарики ӯ Владимир Потанин, ки номаш дар рӯйхат нест, низ ҳамин қадар дороии худро аз даст дод. Арзиши саҳмияҳои ширкати ду соҳибкори рус - "Норилский никел" ба таври назаррас поин рафт.
Яке аз соҳибкорони дигари рус Виктор Векселберг ҳам дар пайи ворид шудани номаш ба рӯйхати таҳримшудаҳо тақрибан миллиард доллар зиён дид. Бузургтарин хисороти молиро дар пайи поин рафтани арзиши бозори саҳоми Русия Сулаймон Каримов, Леонид Михелсон, Геннадий Тимченко, Владимир Лисин, Роман Абрамович, Вагит Алекперов ва Алексей Мордашов дидаанд.
Дар натиҷаи таҳримҳои нави ИМА арзиши саҳмияҳои бонки ВТБ, ширкатҳои "Русал", "Мечел ва "Норилский никел" ба таври назаррас поин рафт. Коҳиши арзиши коғазҳои қимматбаҳо низ қурби рублро поин бурд. Қурби як евро то ба 74 рубл боло рафта, як доллар тайи як соли ахир бори нахуст аз марзи 59 рубл гузашт.
ИМА 6 апрел бар зидди 24 шарванд ва 14 ширкати Русия таҳрим ҷорӣ кард. Дар феҳрасти Вазорати молияи Амрико афроде шомил шуданд, ки "аз режими Путин баҳра мебардоранд ва ё дар амалҳои зараровари Русия нақш доранд". Таҳримҳо боздошти дороиҳои афродеро дар назар дорад, ки номи онҳо дар феҳрасти ИМА буда, шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ ҳақ надоранд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.