Ихроҷи се донишҷӯи тоҷик барои "мошинсаворӣ"

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи гузаштаи имсол 7 донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе ба ҷиноят даст задаанд.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, дар ин бора ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён рӯ ба афзоиш овардааст, ки мояи нигаронист.

Шариф Назарзода дар мулоқоти дигаре бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ду моҳи имсол 5 донишҷӯ хилофи муқаррарот ба ин муассисаи таҳсилоти олӣ бо мошинҳои хусусӣ ба дарс омадаанд ва барои ин “кирдор 3 нафарашон аз донишгоҳ хориҷ шудаанд” ва баррасии парвандаи донишҷӯёни дигар идома дорад.

Дар Тоҷикистон донишҷӯён ҳақ надоранд ба донишгоҳ бо мошини хусусӣ биёянд, зеро ба гуфтаи мақомот чунин “худнамоӣ кори дуруст нест.”