Соронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон ду мақоми баландпояи амниятиро, ки бо президенти пешин наздик будаанд, аз мақомҳояшон барканор кардааст.
Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини ӯ Болот Суюмбоев рӯзи 7-уми апрел аз мақомҳояшон сабукдӯш шудаанд. Барканории ду нафар аломати дигаре аз авҷ гирифтани таниш байни Соронбой Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев медонанд, ки то 6 моҳ пеш бо ҳам наздик буданд.
Отамбоев дар интихоботи моҳи октябри соли 2017 Соронбой Ҷеенбековро тарафдорӣ мекард, аммо дар ҳафтаҳои гузашта ба танқиди ӯ пардохт. Баъди интиқодҳои раиси ҷумҳури собиқ, барканории мақомҳои наздик ба ӯ аз ҳукумати Қирғизистон шурӯъ шуд.