Таҷовуз ва қатли Нидои шашсола

Акс аз бойгонӣ

Нидо Ализода, духтари шашсолаи афғон, дар шаҳри Машҳади Эрон аввал таҷовуз ва сипас кушта шудааст. Намояндаи расмии Афғонистон дар Машҳад гуфт, ки ин ҳодиса даҳ рӯз қабл иттифоқ афтода буд.

Довуд Ализода, падари Нидо, рӯзи 7-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо бахши дарии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки духтараш қурбонии як ҷиноят шудааст. Бино ба гузоришҳо, Нидо Ализода даҳ рӯз пеш дар роҳ ба нонвойхона аз сӯи як мард рабуда шуда, аввал таҷовуз ва баъдан кушта шудааст.

Саид Нуруллоҳ, консули Афғонистон дар Машҳад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Эрон нафари муттаҳамро дастгир кардаанд. “Чунин ҷинояте дар ҳаққи ин тифл сурат гирифтааст. Гумонбар ба пулис иқрор кардааст. Воқеан, як ҷинояти хеле сангин аст”, - гуфт ӯ.

Консули Афғонистон дар шаҳри Машҳад гуфт, ба Нидо Ализода марде таҷовуз карда, ки муътоди маводи мухаддир буда, дар ҳамсоягии онҳо мезист. Саид Нуруллоҳ изҳори умед кард, ки парвандаи нафари муттаҳам ба зудтарин фурсат ба додгоҳ супурда хоҳад шуд.

Нидо Ализода аввалин муҳоҷири афғон набудааст, ки дар Эрон бар вай таҷовузи ҷинсӣ сурат гирифта ва баъди он ба қатл расидааст.