Барканории раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон

Абдил Сегизбоев

Абдил Сегизбоев аз мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон озод шуд. Мақомоти Қирғизистон рӯзт 7-уми апрел гуфтанд, ки дар ин замина фармони раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков содир гардидааст.

Сегизбоев моҳи ноябри соли 2014 ба ин мақом расида буд. Вай бо фаъолияташ дар ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва ба ҳайси охирин сухангӯи Аскар Оқев, президенти собиқи Қирғизистон, ки соли 2005 аз кишвар фирор кард, маъруф буд.

Абдил Сегизбоев соли 2010 дубора дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон пайдо шуд. Соли 2011 ба ҳайси ёвари Алмосбек Отамбоев кор кард ва бахши сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи президентро бар уҳда гирифт. Сипас мушовири президент ва баъд аз он муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шуд.

Моҳи октябри соли 2017 соҳиби рутбаи генерал - майор шуд.