"Билайн" дар Тоҷикистон молики нав пайдо кард

Ҳолдинги мухобиротии Veon бар асоси музокира бо ширкати ZET Mobile тасмим гирифт тиҷорати худ дар Тоҷикистонро бифурӯшад. Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба оҷонсии Bloomberg менависанд, ки сухан сари фурӯши сохтори Tacom LLC меравад, ки молики ширкати «Вымпелкомом» буда, зери номи «Билайн» дар Тоҷикистон хадамоти мухобиротӣ пешкаш мекунад.

Оҷонсии Интерфакс менависад, ки соли 2017 раҳбари собиқи ҳолдинги Veon дар минтақаи Авруосиё Михаил Герчук аз даъвоҳо атрофи пардохти молиёт дар Тоҷикистон интиқод кардааст. Вай дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, «Билайн» бо талаби мақомоти тоҷик розӣ набуд ва талош дошт аз роҳи додгоҳ ин масъалаҳоро ҳал кунад. Он замон Герчук гуфта буд, ки барои пешбурди тиҷорат дар ҳама кишварҳои ҷаҳон шароити муносиби иқтисодӣ лозим аст.

Мақомоти андоз дар Тоҷикистон дар ду соли охир се ширкати мухобиротӣ, аз ҷумла “Билайн”-ро барои мушкили пардохти молиёт гунаҳгор карданд. Мақомот гуфтанд, "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" бояд ҷаримабандӣ шаванд. Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. “Билайн” ва “Мегафон” дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Аз сӯи дигар, соли 2014 ҳолдинги Veon ҳам дар чор соли охир бархе намояндагиҳои худро дар Лаос, Канада, Зимбабве, Бурунди ва дар Африқои Марказӣ ба фурӯш додааст.