Британия: "Мо чизе барои пинҳон кардан надорем, аммо аз Русия бояд тарсид"

Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ (акс аз бойгонӣ)

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия нишасти боз баргузор кард. Намояндаи доимии Британия дар СММ Карен Пирс шарҳ дод, ки чаро Лондон намехоҳад натиҷаи таҳқиқашро бо Русия дар миён гузорад. "Маскав мехоҳад обрӯи созмонҳои байналмилалӣ дар умури назорат бар силоҳи кимиёвиро аз байн бибарад":- гуфт Пирс. Ба гуфти ӯ "Британия чизе барои пинҳон кардан надорад, аммо аз Русия бояд тарсид".

Намояндаи Британия гуфт, ки Лондон ба гунаҳкор будани Русия шубҳа надорад. Пирс афзҳд, истифодаи ибораи "ба эҳтимоли зиёд" дар робита ба даст доштани Маскав дар заҳролудшавии Скрипал, танҳо ба ин хотир буд, ки хулосаи ниҳоиро танҳо додгоҳ мебарорад. Ӯ ҷамчунин хабар дод, ки ба таҳқиқи қазияи Скрипал беш аз 250 муфаттиш ва мутахасис ҷалб шудааст. Дар тӯли як моҳи баъди заҳролудшавии Скрипал, беш аз 5 ҳазор соат навори дурбинҳо, беш аз 1300 далелҳо таҳқиқ ва дастикам 500 шоҳид бозпурсӣ шуд.

Русия даст доштанашро дар заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия инкор мекунад. Ба гуфти Василий Небензия, намояндаи Русия дар СММ далеле вуҷуд надорад, ки заҳр дар Русия тавлид шудааст. Иттиҳоми кишварҳои Ғарбро Небензия "талоши бадном кардани Маскав номид."Мо ба ҳамтоҳои британиягиамон гуфтем, ки онҳо бо оташ бозӣ мекунанд ва аз ин пушаймон хоҳанд шуд",- гуфт Василий Небензия, намояндаи Русия дар СММ.