Ҳудуди 20 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ ва беҳушшавӣ таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Ҳанӯз сабаби бемории хонандагон маълум нест.
Лутфия Шарифзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи беҳушшавӣ бори аввал дирӯз сабт шуд ва имрӯз идома кард. Ӯ гуфт, аксари мактаббачагон хонандаҳои синфи 5 ва 7-ум мебошанд.
“Вазъи саломати хонандагон хуб аст ва ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад. Пизишкон хуни онҳоро барои ташхис гирифтаанд ва сабаби беҳушшавиро дақиқ мекунанд. Овоза карданд, ки гуё заҳролуд шудаанд, вале ин дақиқ нест. Муҳим ин аст, ки саломатии хонандаҳо хуб аст”, - гуфт ӯ.
Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари бемории кӯдакони деҳаи Чаргии ноҳияи Муъминободро тасдиқ кард. Аммо гуфт, ҳанӯз ташхис ба итмом нарасидааст. “Ҳоло талош дорем, муайян кунем, ки кӯдакон аз чӣ бемор шудаанд”, - афзуд ӯ.
Ду соли пеш низ беҳушшавии хонандаҳо дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сабт шуда буд. Баъдан, маълум карданд, ки онҳо аз заҳрдоруе, ки алайҳи ҳашарот дар мактаб пошидаанд, заҳролуд шудаанд.