Вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Маскав даъват шуд

Акс аз мулоқоти ахири ду вазир дар Душанбе

Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо даъвати ҳамкори русаш Сергей Лавров ба Маскав сафар мекунад. Дар ин бора рӯзи 5 апрел оҷонсии ТАСС бо такя ба Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия хабар дод. Захарова дар нишасти матбуотии худ рӯзи 4 апрел гуфтааст, ки ин сафар 8-9 апрел дар назар гирифта шудааст. Ин сафари расмӣ буда дар ҷараёни он масоили марбут ба вазъияти байналмилалӣ, робитаҳои дуҷониба ва сиёсати хориҷӣ баррасӣ мешавад. Захарова инчунин гуфт, ки вазирон дар бораи ҷараёни иҷрои созишҳои дар ҳамоиши Тоҷикистону Русия феврали соли 2017 ҳосилшуда ҳам сӯҳбат хоҳанд кард. Дар ин нишаст инчунин сӯҳбат аз амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон меравад. Дар ҷараёни ин сафар имзои барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои соли 2018 дар назар аст, гуфт Захарова.

Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

Русия рӯзи 5 апрел гуфт, ки Тоҷикистон дар миёни 13 давлате буд, ки аз Созмони манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ хост, Русия ба таҳқиқи қазияи заҳролудшавии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ҳамроҳ шавад. Сафорати Русия дар Ҳолланд бо пахши изҳороте гуфт, ки ин муроҷиатномаро Беларус, Сурия, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, Венесуэла, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Никарагуа ва Куба имзо карданд.

Рӯзи 5 апрел Русия гуфт, ки ин қазияро ба баррасии Шӯрои амнияти СММ ҳавола мекунад ва ба таҳқиқи байналмилалии ин қазия пофишорӣ хоҳад кард. Бритониё дар заҳролудшавии Скрипал ва духтараш дар хоки ин кишвар Русияро гунаҳгор кард ва дар посух кишварҳои ғарбӣ беш аз 150 дипломати русро аз хокашон берун карданд. Русия гуфт, ки посухи ҳамсон медиҳад.