Воҳидҳои Горди миллии Амрико ба сӯи марзи Мексика ҳаракат мекунанд

Сарҳади ИМА бо Мексика

Президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи чоршанбе фармони истиқрори воҳидҳои Горди миллӣ дар навоҳии марзӣ бо Мексикаро имзо кард. "Мо то ҳол монеаи воқеии ҳифозатӣ надорем, масъулияти ҳимояи сарҳад бар дӯши низомиҳо хоҳад буд",- гуфт Трамп.

Низомиҳо дар боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ иштирок намекунанд. Аммо дар назар аст, ки онҳо бо хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла дар назорати ҳаракати мошинҳо аз ҳаво ва замин, ҳамкории фаннӣ хоҳанд дошт.

Теъдод ва муҳлати миссияи сарбозони Горди миллӣ рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд.

Вазорати дохилии Амрико аз Конгресс дархост кардааст, шикофҳои қонуни амалкунандаро, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро то оғози мурофиаи додгоҳӣ аз боздошт озод мекунад, маҳкам кунад. Ин ниҳод ҷамчунин шадид шудани тартиби қабули паноҳандагони сиёсиро пешниҳод кардааст.

Убури ғайриқонуии марзҳои ҷанубии Амрико дар моҳҳои аввали раҳбарии Трамп шадидан коҳиш ёфт, аммо дар соли гузашта 50 дар сад боло рафт.