Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки умедвор аст мулоқоти созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ рӯзи 4 апрел дар амри коҳиши таниши азими дипломатӣ мусоидат мекунад. Бритониё ахиран Русияро барои заҳролудкунии ҷосуси собиқи рус дар Инглистон айбдор кард ва гуфт, ки Сергей ва духтараш Юлия Скрипал бо маводи кимиёии фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шудааст. Ин ду нафар рӯзи 4 март дар ҳолати беҳушӣ дар шаҳри Салисбури пайдо ва ба бемористон истиқол дода шуданд.
Маскав даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад. Баъди он ки раҳбари як озмоишгоҳи Бритониё дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз навъи маводи фалаҷкунандаи асаб мушаххас нашудааст, Путин рӯзи 3 апрел Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбиро дар он муттаҳам кард, ки бидуни доштани шаҳодати дуруст, Маскавро дар ин ҳамла гунаҳгор карданд.
Гари Айткенҳед, раҳбари озмоишгоҳи дифоии Бритониё дар Портон Даун дар як сӯҳбаташ бо телевизиони Sky News субҳи 3 апрел гуфт, ки донишмандон ҳанӯз навъи заҳрро муайян накардаанд, вале чунин навъи силоҳи кимиёӣ метавонист дар сатҳи як давлат ба кор бурда шавад.