Додгоҳи Истаравшан 5 сокини ин ноҳияро барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва "хабар надодан" гунаҳкор донист, аммо яке аз онҳоро бар асоси қонуни афв озод кард.
Мақомоти додгоҳ рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Баҳриддин Баротов ба хотири онки то соли 2011 аз "Салафия" пайравӣ карда буд, мавриди афв қарор гирифтааст. Содиқҷон Ваҳҳобзода, раиси Додгоҳи Истаравшан ва масъули баррасии парвандаи ин афрод, гуфт, "мо, инчунин, сидқан эътироф ва пушаймонии ӯро ба назар гирифтем".
Вале додгоҳ Умед Маҳмудов, сокини 34-солаи Истаравшанро мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – "даъвати оммавӣ барои ташкили фаъолияти экстремистӣ" ва "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" айбдор донист ва ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард.
3 нафар дигар – Баҳодур Маҳкамов, Аскар Обидов ва Хушбахт Ғафуров барои "хабар надодан" 6-моҳӣ дар зиндони низомаш умумӣ хоҳанд монд. Додгоҳ гуфт, инҳо пайрави "Салафия" будани ду рафиқи худро медонистанд, аммо ба мақомот хабар надоданд. Додгоҳи ин афрод аввали моҳи марти имсол дар Истаравшан шурӯъ шуда буд.
Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд.
Бино ба иттилои Додгоҳи вилояти Суғд, дар соли 2017 додгоҳҳои минтақа 257 нафари муттаҳам ба терроризму эктремизмро баррасӣ карданд, ки яке аз онҳо зан ва се нафар ноболиғ ҳастанд.