Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли вазорати хориҷаи Афғонистон менависад, ки ин кишвар «омода аст бо Толибон ҳам дар Маскав ва ҳам дар дигар пойтахтҳо музокира кунад». Дар хабар бо такя ба раиси департаменти масоили сиёсӣ ва стратегияи ВКХ Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ҳайдарӣ омадааст, ки Афғонистон ҳама мулоқотҳо дар чаҳорчӯби ба истилоҳ «Ҷараёнҳои Кобул»-ро истиқбол мекунад, то ки Толибонро водор кунанд, ки аз хушунат нисбати мардуми худ даст кашида роҳи сулҳро пеша кунанд. Изҳороти мақоми вазорати хориҷаи Афғонистон дар посух ба хабаре садо дод, ки Маскав омода аст дар мавзӯи эътидоли вазъ дар Афғонистон конфронси худро баргузор кунад.
Замир Кабулов, раиси департаменти дуюми Осиё дар ВКХ Русия ҳафтаи гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт, ки «баргузории конфронси марбут ба Афғонистон дар Маскав барномарезӣ шудааст, вале Толибон бояд ба даъватҳое посух диҳанд, ки дар конфронси Тошканд садо дод. Дар Тошканд пешниҳоди ҳукумати Афғонистон дар заминаи ташкили музокироти мустақими миёни ҳукумат ва Толибон садо дод». Кабулов гуфт, ки ҳанӯз Толибон мавқеи худро баён накардаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки посухи онҳо мусбат хоҳад буд.
Дар Тошканд охири моҳи март конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон баргузор шуд ва дар поёни он ширкатдорон аз ташкили шароити музокироти мустақими миёни Кобул ва Толибон пуштибонӣ карданд. Ҳоло Русия, ки соли гузашта ду конфронси марбут ба Афғонистонро доир карда буд, мехоҳад ташаббуси баргузории музокироти сиёсии миёни Кобул ва мухолифонашро ба дасти худ бигирад.