Мақомоти Амрико гуфтанд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп дастур додааст, ки Вазорати умури хориҷӣ кумаки 200 миллиондолларӣ барои Сурияро боздорад. Оқои Трамп ҳадафи ин иқдомро “баррасии нақши Амрико дар ҷанги Сурия” хондааст. Дар ин бора нашрияи “The Wall Street Journal” хабар дод.
Рӯзи 30-юми март Доналд Трамп гуфт, ки Амрико ба зудӣ аз ҷанги Сурия берун хоҳад шуд.
Рекс Тиллерсон, собиқ вазири умури хориҷии Амрико, моҳи феврал пас аз як нишаст бо Эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Кувейт ваъдаи кумаки 200 миллион долларӣ ба Сурияро дода буд. Тиллерсон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дар Сурия дахолат кунад, то монеи бозгашти ҷангҷӯёни ДИИШ ва “Ал-Қоида” ба он кишвар шавад.