Парвандаи се корманди милиса ва як сокини оддӣ, ки дар “шантаж”-и ҳамҷинсгарое бо ҳадафи ба даст овардани маблағ муттаҳам дониста мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт фиристода шудааст. Ин се милиса ва як сокини оддӣ охири моҳи январи имсол аз сӯи маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон боздошт шуданд.
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Танҳо соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабт кардаанд.
"5 ҳазор сомонӣ деҳ, вагарна сир ошкор мешавад"
Майори милиса Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як сокини оддӣ Диловар Мирзоев аз нафари ҳамҷинсгаро, ки исмаш бурда намешавад, дар маҷмуъ 5 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 600 доллари амрикоӣ хоста буданд. Онҳо гуфтаанд, дар ивази ин пул аз паҳни маълумоти беобрӯкунанда, аз ҷумла майли ӯ ба ҳамҷинсгароӣ, худдорӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” парванда боз шудааст. Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “муфаттишони мо таҳқиқи парвандаро ба анҷом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ онро ба Додгоҳи ноҳияи Сино фиристоданд”.
"Вақте аз кор сарпечӣ кард..."
Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин хабарро тасдиқ карданд. Як манбаъ дар додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи баррасии парванда маълум шуд, ки ин ҳамҷинсгаро ба хотири ба даст овардани маблағ аз ҷониби ин гурӯҳ истифода шудааст.
“Ин нафарро маҷбур мекардаанд, то бо мардони дигар тамос гирад ва наздик шавад. Вақте бо мардон ҳамроҳ мешудааст, ин гурӯҳ мардҳоро боздошт карда, пул ба даст меовардаанд. Вақте аз ин кор сарпечӣ мекунад, худаш мавриди "шантаж" қарор мегирад. Ин ҳолатҳо ҳастанд, вале то ҳол ҷабрдидаҳо барои ин ҳолатҳо ариза нанавиштаанд”, - гуфт манбаъ.
"Туҳмати хушку холист"
Дар ҳамин ҳол, пайвандони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳо ҳадафи туҳмат қарор гирифтаанд. Нусрат Ҳакимов, яке аз наздикони Оятулло Сайфиддинов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва дӯстонаш мавриди туҳмати нафари ҳамҷинсгаро қарор гирифтаанд, ки бояд нисбат ба ӯ барои фиреби сокинон парванда боз мешуд. “Вале ӯ пеш аз парванда бачаҳоро «подставит» кардааст. Ҳоло бовар дорем, ки Додгоҳ бегуноҳии онҳоро исбот мекунад”, - афзуд ӯ.
Қаблан бархе аз ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки мавриди “шантаж” қарор мегиранд, вале то кунун ҳеч далеле сабт нашуда буд. Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон зиндагии пӯшида доранд. Аксаран атрофиён ва наздикон аз майли ҳамҷинсгароии онҳо огаҳӣ надоранд ва худи онҳо низ тарафдори он нестанд, ки сиррашон фош шуда, ангуштнамои хосу ом гарданд. Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, ҳамин омил боис шудааст, ки ҳамҷинсгароён мавриди “шантаж” қарор бигиранд.
Омори то ҳол номаълуми ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон
Акбар Ҳомидов, корманди созмони кор бо ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, ки боздошти се корманди пулис бар асоси арзи як ҳамҷинсгаро ҳолати камназир аст. Ӯ афзуд, “метавонам бигӯям, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд. Аксаран, арзи ҳамҷинсгароёнро қабул намекунанд. Бахусус, вақте шикоят аз он бошад, ки маҳз ба хотири ҳамҷинсгароӣ мавриди таҳдиду дашному ҳақорат қарор гирифта бошанд”.
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Танҳо соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабт кардаанд.