Русия дипломатҳои 23 кишварро аз қаламраваш берун мекунад

Вазорати умури хориҷии Русия

Русия эълон кард, ки дар як иқдоми ҷавобӣ дипломатҳои 23 кишварро аз қаламраваш берун хоҳад кард. Тақрибан 150 намояндаи Албания, Олмон, Дания, Ирландия, Испания, Италия, Канада, Латвия, Литва, Мақдуния, Ҳолланд, Норвегия, Лаҳистон, Руминия, Украина, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Эстония муваззаф шудаанд, ки то 7-уми апрел ҳудуди Русияро тарк кунанд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 30-юми март гуфтанд, нисбат ба дипломатҳои Белгия, Маҷористон, Гурҷистон ва Черногория низ чора хоҳанд андешид. Ин кишварҳо низ дар ҳамраъйӣ бо Бритониё дипломатҳои Русияро аз қаламрави худ ихроҷ карда буданд.

Пеш аз ин тасмим, мақомоти Русия аз ихроҷи 60 дипломати амрикоӣ ва баста шудани консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар Санкт-Петербург хабар доданд. Кремл аз Бритониё низ хостааст, ки теъдоди дипломатҳояшро дар ин кишвар бо шумораи намояндаҳои Маскав дар Лондон баробар кунад.

Баъди онки Русия аз посухгӯӣ ба суолҳои вобаста ба заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал дар Бритониё сар печид, кишварҳои хориҷӣ тақрибан 150 дипломати ин кишварро берун карданд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар оғози моҳи марти имсол бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Лондон ин қазияро кори дасти Кремл номид.

Аммо Маскав пайваста ин иттиҳомро рад намудааст.