Фаронса барои кӯмак ба Курдҳо низомиёнашро ба Манбиҷи Сурия мефиристад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 29 март хабар дод. Созиш дар ин робита дар мулоқоти президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндагони нерӯҳои мухолифини демократии Сурия ҳосил шуд.
Аз охири моҳи январ Туркия дар шимоли Сурия алайҳи Курдҳо амалиёти низомии "Шохаи зайтун"-ро пеш мебарад. Ҳадаф ишғоли Манбиҷ аст. Нерӯҳои низомии ИМА дар Манбиҷ мустақар шудаанд. Анкара аз Вашингтон даъват кард, ки нерӯҳояшро аз шаҳр берун кунад, аммо ИМА дархостро напазируфт.
Туркия дастаҳои худдифои Курдро ҳамдасти террористҳо мешуморад ва мехоҳад онҳоро аз мавқеашон берун кунад. Курдҳо дар ҳайъати эътилофи таҳти сарварии ИМА алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" мубориза мебаранд.