Рустамбек Қодирови чаҳорсола, ки рӯзи 21-уми март дар шаҳри Истаравшан ба даруни деги суманак афтода буд, шаби гузашта дар бемористон ҷон додааст. Анварҷон Орифов, як масъули бемористони Истаравшан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Рустамбек шаш шабонарӯз бо ёрии дастгоҳ нафас мегирифт ва дигар ба худ наомад.
“Ҳар коре аз дастамон омад, барои наҷоти ӯ кардем. Аммо роҳи нафасаш ҳам сӯхтааст, ба худ наомад ва фавтид", - афзуд ӯ. Ба қавли ин масъули бемористони Истаравшан, 75 дарсади бадани Рустамбек, аз ҷумла сару рӯ, дасту по ва роҳҳои нафасаш сӯхта буд.
Ба гуфтаи сокинони огоҳ аз ин ҳодиса, Рустамбекро шаби 21 ба 22 март падару модараш ба ҳавлии яке аз пайвандони хонавода ба маъракаи суманакпазӣ бурдаанд. Дар онҷо Рустамбек ба назди падараш, ки дар тарафи деги суманак будааст, давида, ба деги сӯзон афтодааст.
Як сокини ин маҳал, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, кӯдаки хурдсол эҳтимол аз шӯру ҳаяҷон ё аз буғи суманак дегро надида, ба он афтодааст.
Деги суманакро одатан барои осон шудани кафкирзанӣ дар оташдонҳои оҳанӣ мегузоранд, вале баъзан тибқи суннати қадимӣ заминро канда, оташдон месозанд.
Рустамбекро падараш Маннон Қодиров аз деги ҷӯшони суманак бардошта ва дастони ӯ ҳам сӯхтаанд. Вале табибон ҷароҳати ӯро ба ҳаёташ бехавф номиданд.