Наврӯзи Панҷакент соатҳои 6 шоми 28 март шурӯъ мешавад ва барои ширкат дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе бо чархбол ба ин шаҳр парвоз кард. Барои ширкат дар ин ҷашн аз Самарқанд гурӯҳи 20-нафараи зиёиёну фарҳангиёни тоҷик ҳам ба Панҷакент рафтаанд.
Дар соатҳои қабл аз шурӯи ин ҷашн, дар Панҷакент президент дар расми ифтитоҳи хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ» иштирок кард. Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки ин истгоҳи барқӣ тавони интиқоли барқ ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро ҳам хоҳад дошт. Паймонкори асосии ин лоиҳа ширкати ТВЕА CO LTD-и Чин мебошад. Арзиши ин тарҳ беш аз 26 миллион долларо ташкил медиҳад. Хати барқи нав ва ҳам зеристгоҳи «Рӯдакӣ» мушкили таъмини барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ин минтақаро ҳал мекунад.
Дар идомаи рӯз ифтитоҳи чандин объекти дигар, аз ҷумла, ширкат дар маросими муаррифии пайкараи нави шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳам дар назар аст.