Кӣ ҳаққ аст -- тоҷирон ё раиси ноҳия?

Бозори "Фаровон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Акс аз бойгонӣ.

Теъдоде аз соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ирсоли як номаи расмӣ аз раиси Маҷлиси миллӣ хостаанд, ки дар ҳалли мунсифонаи баҳси онҳо бо раиси ин ноҳия мусоидат кунад.

Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бо қароре моҳи сентябри соли гузашта ин бозорро баст ва ба садҳо соҳибмулкон ва тоҷиронаш пешниҳод кард кору тиҷорати худро ба бозори нави "Ашроф", воқеъ дар канори шаҳраки Меҳрободи маркази ноҳияи мазкур кӯч диҳанд.

Баҳси тоҷирон бо раиси ноҳия

Яке аз соҳибони аслии бозори нав будани бародари раиси ноҳия ба оташи баҳси байни соҳибмулкони бозори кӯҳна бо мақомот равған рехт. Тоҷирони норозӣ мегӯянд, раис ва бародараш ба суди худ ва фоидаи бештар бардоштан чунин амр содир кардааст. Иддаое, ки раиси ноҳияи Расулов бепоя хонда рад мекунад. Ҳоло ин баҳс аз доираи Суғд берун рафта, дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон давом дорад.

Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Лола Ёқубова, вакили дифои теъдоде аз соҳибмулкони "Бозори марказӣ"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, воқеъ дар шаҳраки Меҳробод рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бозор бидуни ризояти соҳибмулкон ва тоҷирони он ва бе гузаштани зинаҳои тасдиқи қарор - сар аз маҷлиси маҳаллӣ то ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси миллӣ баста шудааст. Бинобар ин соҳибмулкон ва тоҷирони бозор бо роҳи қонунӣ бозбинӣ шудани масъалаи фаъолияти бозори худро дархост кардаанд.

Ӯ афзуд: "Вале раиси ноҳия ин марҳилаҳоро сарфи назар намуда, худсарона ва бо далели он, ки ба нақшаи куллии шаҳраки Меҳробод дигаргунӣ дароварда шудааст, фаъолияти тиҷоратиро дар бозори марказӣ манъ намуд. Мо дар номаи дастаҷамъӣ аз раиси Маҷлиси Миллӣ дархост намудем, ки дар ҳалли объективонаи ин мушкил мусоидат кунад."

Хонум Яъқубова гуфт, зери ин номаи дастаҷамъӣ ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ беш аз даҳ нафар соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Расулов имзо гузоштаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи шикояти соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов моҳи сентябри соли 2017 додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ва моҳи феврали соли ҷорӣ Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори раиси ин ноҳия дар бораи манъи фурӯш дар бозори марказиро бинобар "берун аз ваколати хидматии раиси ноҳия ва ғайриқонунӣ" будани он, бекор кард. Вале раиси ноҳия Комил Салимзода ба Додгоҳи олии иқтисодӣ моҳи март як шикояти назоратӣ ирсол кард ва қарори охирини додгоҳ боздошта шуд.

Бозори кӯҳна 6 моҳ боз бастааст

Яке аз бозорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Акс аз бойгонӣ.

Бозори марказии ноҳияи Расулов, ки беш аз 150 дӯкону мағозаҳо дорад, 6 моҳ боз баста аст. Даҳҳо тоҷиру фурӯшандаҳои он ба бозори нави "Ашроф" дар канори шаҳраки Меҳробод, маркази ноҳияи мазкур кӯч бастаанд. Вале соҳибмулкони бозори кӯҳна мехоҳанд, ки дар бозори кӯҳна кори худро пеш баранд.

Насимҷон Ҳалимов, яке аз соҳибмулки бозори Марказии ноҳияи Расулов аст, ки ба гуфтаи худаш, дар ин бозор як мағозаи дуошёна ва чандин дӯкон дорад. Ӯ мегӯяд, баста шудани бозор ӯву аҳли оилаашро аз ҷойи кору даромад маҳрум кард. "Мо дар хона даҳ нафарем ва бекор мондем. Аз хона набаромада нишастаем, мунтазирем, ки кай боз корро сар мекунем". Ин тоҷири бозори марказии ноҳияи Расулов мегӯяд, ҳукумати ноҳияаш бозорро баст, вале то ҳол бар иваз ба соҳибмулкони пештара ҷойи нав ва пули моликияташонро надодааст.

Ба гуфтаи мусоҳибонам, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз он сабаб бозори кӯҳнаро баст ва ба фурӯшандагонро ба бозори “Ашроф” кӯч дод, ки ин бозори нав ба бародари раиси ноҳия тааллуқ дорад. Бо ҳамин роҳ раиси ноҳия ҳамроҳи бародараш мехоҳанд тиҷорати бозори худро равнақ диҳанд ва бо иҷора додани дӯконҳо соҳиби даромадҳои калон шаванд.

"Ҳеҷ манфиати шахсӣ вуҷуд надорад"

Вале Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ин иддаоро рад кард. Ӯ рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки моликони бозори нави "Ашроф" чанд нафаранд ва яке аз онҳо бародари ӯ Акмал Салимзода аст ва ҳудуди 15 дарсади саҳмияҳои бозорро дар даст дорад.

Айни замон ӯ гуфт, ки дар тасмими бастани бозор ҳеҷ манфиати шахсӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, бастану дар оянда хароб кардани бозори марказӣ дар асоси нақшаи куллии бозсозии шаҳраки Меҳробод -- маркази маъмурии ноҳияи Расулов сурат мегирад ва ин тасмим бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст.

Ҷаноби Салимзода афзуд: "Тибқи нақшаи кулл дар ҷои бозори кӯҳна сохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, байни он бояд роҳ кушоем, ки тамбашавӣ дар маркази ноҳияро аз байн бубарад. Мо ба соҳибмулкони бозори марказӣ гуфтем, ки ба онҳо ҷои нав медиҳем. Ҳамчунин арзиши моликияти онҳоро пардохт мекунем. Аммо бархе соҳибмулкони бозори марказӣ инро қабул надоранд. Аммо кори онҳо фақат судбозӣ. Ман намефаҳмам.”

Ӯ гуфт, ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурда, иҷрои қарори охирашро боздошт ва ҳоло ба роҳи додгоҳӣ талош дорад қонунӣ будани қарори худро ба исбот расонад. Соҳибмулкони бозори марказӣ умед доранд зинаи назоратии Додгоҳи олии иқтисодӣ ба баҳси онҳо поён хоҳад дод.

Чаро тоҷиронро бозори "Ашроф"-ро хуш надоранд?

Бозори марказии ноҳияи Расулов ҳудуди 70 сол пеш бунёд шуда, дар маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст. Соли 2013 дар канори маркази ин ноҳия бозори наве бо номи “Ашроф” бунёд гардид, ки хеле бузург ва дорои иншооти муосир, роҳҳои васеи мумфарш ва шароити беҳтар аст. Вале бозори нав дуртар аз маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир ва назар ба бозори кӯҳна камхаридор.

Аз ин рӯ, соҳибмулкону тоҷирон ва фурӯшандаҳои бозори кӯҳна онро хуш қабул накарданд ва ихтиёрӣ кӯч набастанд. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Расулов барои кӯч додани тоҷирону фурӯшандаҳои бозори кӯҳна аз фишор кор гирифтанд ва баҳси соҳибмулкони ин бозору мақомот аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Сипас, дар асоси қарори раиси ноҳия бастани бозори марказӣ ин баҳсро ба додгоҳ бурд.