Могеринӣ: Толибони сулҳхоҳ аз феҳристи таҳримшудаҳо берун мешаванд

Иттиҳодияи Аврупо омода аст аз феҳристи таҳримшудаҳо аъзои гурӯҳи Толибонро берун кунад, ба шарте, ки онҳо ҷараёни сулҳро пуштибонӣ кунанд. Дар ин бора рӯзи 27 март раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ дар конфронси байналмилалии Тошканд изҳорот дод. Дар конфронси байналмилалии бахшида ба Афғонистон президентони Афғонистону Узбекистон Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев ҳам иштирок мекунанд. Аз ИМА барои ширкат дар ин нишаст Томас Шеннон, муовини котиби давлатии ИМА ба Тошканд рафтааст.

Дар ин нишаст инчунин қарор аст вазирони хориҷаи Қазоқистон, Покистон, Русия ва Туркия суханронӣ кунанд. Тоҷикистонро дар ин конфронс вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад. Қарор аст дар поёни конфронс як эъломияи умумии ширкатдорони нишаст қабул шавад.

Толибон дар ин нишаст иштирок намекунанд. Як мақоми Узбекистон гуфт, ки Толибон бо ин ки аз ширкат дар нишаст худдорӣ мекунанд, вале аз матбуот ҷараёни нишастро пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар гузашта мақомот дар Вашингтон ва НАТО изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Маскав дар таъмини гурӯҳҳои ҷангҷӯ бо силоҳ даст дорад, вале Русия ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро қабул накардааст. Ахиран мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам иттиҳоми инро, ки гӯё аз марзи Тоҷикистон ба Афғонистон аслиҳа интиқол мешавад, комилан рад карданд.

Толибон соли 1996 дар Афғонистон сари қудрат омада, соли 2001 бо талоши нирӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА аз қудрат барканор шуданд.