Матбуоти бритониёию амрикоӣ хабар дод, ки эҳтимолан президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳолате қарор мегирад, ки дар посух ба заҳролудшавии собиқ ҷосуси русӣ дар Бритониё бояд дасти кам 20 дипломати русро аз кишвараш хориҷ кунад. Хабаргузориҳои CNN ва Reuters рӯзи 25 март гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд қарори Трамп рӯзи 26 март содир мешавад ва ин тасмим аз вокуниши муттафиқони аврупоӣ ба ҳамлаи гази фалаҷкунандаи асаб дар шаҳри Салисбури Бритониё вобаста хоҳад буд.
Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4 март дар ҳолати мадҳушӣ пайдо шуда дар вазъияти сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин кори Маскав аст ва ин ақидаро Иттиҳодияи Аврупо ҳам такрор кард.
Лондон дар посух ба қазияи заҳролудшавӣ 23 дипломати русро аз хокаш берун кард. Маскав эҳтимоли даст доштан дар ин ҳодисаро комилан рад мекунад ва дар посухи ҷавобӣ амр дод, ки 23 дипломати бритониёӣ Русияро тарк кунанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар масъалаи аз пойтахтҳои аврупоӣ берун кардани дипломатҳои русро андеша дорад. Сухангӯи Кохи Сафед Раҷ Шоҳ гуфт, ки Вашингтон дар ин замина андеша дорад, вале аз додани тафсилот худдорӣ кард.