Тоҷикистон бо дархости Чин як шаҳрванди ин кишварро боздошт ва истирдод кардааст.
Оҷонси хабарии “Синхуа” рӯзи 25-уми март бо такя ба идораи пулиси вилояти Шанси навишт, ин нахустин шаҳрванди Чин аст, ки дар Тоҷикистон боздошт ва истирдод мешавад. Ба навиштаи “Синхуа”, боздошти ин чинӣ дар доираи амалиёти “Шикори рӯбоҳон” сурат гирифтааст.
Ин маъракаи ҷустуҷӯи ҷинояткорони иқтисодиест, ки дар хориҷ паноҳ бурдаанд.
Бино ба иттилои пулис, нафари муттаҳам Сюй, ки гуруҳи ширкатҳоро аз соли 2007 то июни 2011 идора мекард, 60 миллион юан ё 9,5 миллион долларро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. “Вай ин пулҳоро барои пардохти қарзи худ сарф карда, ба моликияти ҷамъиятии Чин зиён расондааст”, - мегӯяд пулис.
Пас аз ошкор шудани амалҳои ҷиноӣ Сюй ба хориҷа, яъне ба Тоҷикистон фирор карда, дар ин ҷо панаҳ бурдааст. Додситонии ноҳияи Фанашани вилояти Шанси моҳи июли соли 2015 санади боздошти ӯро содир кардааст, ки барои аз худ кардани маблағҳои ҷамъиятӣ айбдор мешавад.
Пулиси Тоҷикистон ӯро моҳи феврали соли равон боздошт намуда, Чин бо роҳҳои дипломатӣ истирдоди ин шаҳрвандашро аз Душанбе дархост намудааст.