Писари президент – раиси ояндаи порлумон?

Сардор Бердимуҳаммадов, писари раиси ҷумҳури Туркманистон

Туркманистон рӯзи 25-уми марти имсол интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад кард. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфт, ки 284 нафар барои 125 курсии маҷлис сабқат доранд. Дар миёни онҳо Сардор Бердимуҳаммадов, писари раиси ҷумҳури Туркманистон, низ ҳаст.

Намоиши бисёрҳизбӣ?

Ӯ хатмкардаи Академияи дипломатии Маскав аст. Соли 2014 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, соли 2015 унвони доктори илмҳои техникиро соҳиб шудааст.

Бисёре аз номзадҳо намояндагони ҳизби демократ (коммунисти собиқ), ҳизби соҳибкорон ва ҳизби кишоварзианд. Коршиносон тахмин мезананд, ки ду ҳизби охир барои намоиши бисёрҳизбӣ дар Туркманистон ташкил шудаанд. Вагарна ин ду ҳизб аз сиёсатҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ё Арқадаг ҳимоят карда, ҳеч вақт бо ташаббусҳои худ дар ҷомеаи он кишвар масъалагузорӣ нанамудаанд. Ин ҳизбҳо танҳо дар замони интихобот аз худ дарак дода, расонаҳои давлатии Туркманистон низ фақат дар замони интихобот ба ёди онҳо меафтанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор ва наберааш Каримгулӣ

Саҳнаҳои интихоботи порлумонии Туркманистон аз оғоз пешгӯишаванда аст. Дар нахустин интихоботи порлумонии он кишвар дар соли 1994 барои 50 курсӣ 51 нафар довталаб буданд. Дар интихоботи ахири порлумонӣ дар моҳи декабри соли 2013 аз 125 курсии маҷлис 99 ҷойро намояндагони ҳизби демократ ё коммунисти собиқ ишғол карданд.

Агар Нурбердиев биравад...

Ба ҳар ҳол, дар Туркманистон муҳим нест, ки курсии порлумон насиби кӣ хоҳад шуд. Нақши порлумон дар ҳаёти сиёсии он кишвар дар ҳоли ҳозир хеле ночиз аст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ солҳо боз аз сокинони он кишвар дар бораи интихоботи порлумонӣ ва вакилони маҷлис суол мекунад. Маълум мешавад, ки аксари онҳо дар бораи вакилони маҳалли зисташон хеле кам медонанд ё чизе намедонанд.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, моҳи ноябри соли 2016 дар пайи интихоботи миёндаврӣ вориди порлумон шуд. Сардор ин дафъа низ номзади интихоботи порлумонӣ аст.

Акси якҷоя бо президенти Қазоқистон

Cардор Бердимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоев

Чанде пештар Бердимуҳаммадови хурдӣ дар нишасти нахустини раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон буд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин самит иштирок накард ва ба ҷои худ раиси порлумон Оқҷу Нурбердиевро фиристод. Аксҳои Нурбердиев дар Остона таваҷҷуҳи касеро ба худ накашид. Аммо як акси мулоқоти Сардор Бердимуҳаммадов бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон баҳси зиёдеро ба по кард.

Бино ба Қонуни асосии Туркманистон, раиси порлумон нафари дувум дар ҳукумат ба ҳисоб меравад. Ва дар ҳолатҳои зарурӣ масъулияти раёсати ҷумҳурро бар уҳда хоҳад гирифт.

Оқҷу Нурбердиев аз моҳи феврали соли 2007 раиси порлумони Туркманистон ва аз дарозумртарин мақомдорони он кишвар аст. Нурбердиев имсол ба синни 61 мерасад. Агар вай аз мақоми ҳозирааш маҳрум шавад, роҳро ба Сардор Бердимуҳаммадов барои нишастан дар курсии раиси порлумон ҳамвор хоҳад кард. Дар он сурат Сардор вориси қонунии президент Бердимуҳаммадов хоҳад шуд.

"Фарзанди мардум"

Бердимуҳаммадови хурдӣ моҳи ноябри соли 2016 вориди порлумони Туркманистон шуд

Дар як соли охир фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сардор Бердимуҳаммадов чашмрас шуда, расонаҳои расмӣ ба шахсияти ӯ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ ӯро "фарзанди мардум" ном мебаранд ва саҳми ӯро дар рушди кишвар таъкид мекунанд.

Дар бораи Сардор Бердимуҳаммадов иттилои зиёд дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ хатмкардаи Академияи дипломатии Маскав буда, соли 2014 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва соли 2015 унвони доктори илмҳои техникиро соҳиб шудааст.