Каримгулии 12-сола, набераи раисиҷумҳури Туркманистон, ба фарқ аз маъракаҳои дигари аспдавонӣ дар ин кишвари “пӯшида”-и Осиёи Марказӣ, ки бо пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов анҷом меёфт, дастболо гардид ва дубора дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Ҳатто омӯзгорони мактабҳои миёна субҳи 27 апрели соли ҷорӣ қабл аз шурӯи дарс ба хонандагон аз шуҷоату пирӯзии Каримгулӣ сӯҳбат карда, ӯро намунаи ибрат гуфтаанд.
Ин набераи раисиҷумҳури Туркманистон, ки ҳоло аз ҷойнишинҳои эҳтимолии ӯ ном бурда мешавад, баъд аз пирӯзияш дар маъракаи аспдавонии 26 апрел ба хабарнигорони телевизион гуфтааст, дар синифи шашум мехонад ва аспдавониро аз бобояш омӯхтааст.
Дар бораи хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон маълумоти зиёд мавҷуд нест. Аммо ин узви хонаводаи ӯ тайи тақрибан ду сол боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳост. Вай соли 2013 дар вақти намоиши ҳунарии ситораи шоу-бизнеси ҷаҳонӣ Ҷенифер Лопес дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд. Ӯ дар як навор, дар ҷараёни ҳунарнамоии кӯдакон савори асп ва дар навори дигар ҳангоми саломуалейки падарбузургаш бо як марди солманд зоҳир шуд. Бурузи ин бачаи хурдсол дар саҳна то ҳадде таваҷҷӯҳи матбуоти давлатиро ба худ кашид, ки ин гуна таваҷҷӯҳ ба ҳеҷ як узви оилаи раҳбари аввали Туркманистон зоҳир нашуда буд.
Шояд ин таваҷҷӯҳ аз ин хотир бошад, ки Каримгулӣ бештар аз дигарон дар маъракаҳо паҳлӯи бобояш дида мешавад. Ӯ бори аввал моҳи феврали соли 2012, дар ҳоле дар дурбинҳои аккосӣ афтод, ки ҳамроҳи Бердимуҳаммадов ба қитъаи овоздиҳӣҳозир шуд. Аз он рӯз ба баъд ҳузури ӯ дар маросимҳои давлатӣ бештар шуд.
Маъракаи пурҳашамати таҷлил аз зодрӯзи Бердимуҳаммадов, дар таърихи 29 июни 2013 шояд барои туркманҳо бештар барои он хотирмон буд, ки дар он Каримгулӣ барои бобояш пианино навохт. Ин маърака бо шукӯҳу шаҳомати худ ва иштироки ситораҳои бузурге, чун Ҷенифер Лопес ва Филлип Киркоров, сару садоҳоеро дар матбуоти байналмилалӣ баланд кардааст.
Каримгулӣ, кидар тан либоси милии туркманӣ дошт, қабл азворид шудан ба саҳна бидуни ҳеҷ мартаба ва ба таври содда “Каримгулӣ Бердимуҳаммадов” муаррифӣ шуд Ӯ ҳамроҳи овозхонҳои дигар дар васфи Туркманистон ва бобояш Арқадаг, ё “Ҳомии туркманҳо” Қубонгулӣ Бердимуҳаммадов мадҳиясароид, ки чунин маънӣ дошт: “Шабҳои ту зебоянд, шабҳои ту дурахшонанд. Мо бо ту ифтихор мекунем, ту таҳти раҳбарии ҳомии худ як сарзамини афсонавӣ шудаӣ.”
Туркманҳо дар бораи оилаи раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов тақрибан чизе намедонанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки падару модари Каримгулӣкӣ аст ва ӯ набераи духтарии Бердимуҳаммадов аст ё фарзанди писараш.
Гуфта мешавад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сардор ном дорад ва дар риштаи равобити байналмилалии донишгоҳи Маскав таҳсил карда, корманди вазорати хориҷӣ будааст.
Духтари бузурги президент Гулҷаҳон бо Ихлосгелдӣ Амонов издивоҷ кардааст, ки намояндаи Ожонсии фурӯши нафту гази Туркманистон ба Аврупо дар Лондон буд. Духтари дигари президент ҳамроҳи шавҳараш, ки корманди сафорати Туркманистон аст, ки аз соли 2009 ба ин тараф дар Париж ба сар мебарад.