Мақомот ба таҳқиқи қазияи хароб шудани қисме аз таҷҳизоти боғи “Дунёи афсона” дар Душанбе шуруъ кардаанд. Ин иншоот се рӯз пеш дар боғи ба номи Айнии пойтахт ифтитоҳ шуда буд.
Дастури таҳқиқи қазияро генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, рӯзи 22-юми март содир кардааст. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, «нафарони гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд».
Мақомот мегӯянд, баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” дар рӯзи ҷашни Наврӯз хароб шудааст. Ин маҷмаа рӯзи 19-уми марти имсол ифтитоҳ шуд, вале баъд аз ду рӯз маъмурияти боғи Айнӣ хабар доданд, ки як қисми таҷҳизоташ вайрон шудааст.
Дар рӯзи 21-уми март пас аз хароб шудани баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” маъмурияти боғи Айнӣ дари онро бастанд. Ба қавли шаҳрдории Душанбе, маҷмааи фароғатии “Дунёи афсона” дар майдони 2,5 гектар бунёд шудааст.