Саркозӣ дар заминаи пулҳои Қаззофӣ бозпурсӣ мешавад

Саркозӣ ҳангоми истиқболи Муаммар Қаззофӣ. 10-уми декабри соли 2007

Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, дар заминаи иттиҳоми дарёфти сармоя барои интихоботи президентии соли 2007 аз Муаммар Қаззофӣ - раҳбари пешини Либия - таҳти бозҷӯии муфаттишон қарор гирифт. Муфаттишон ду рӯз боз ӯро бозпурсӣ мекунанд.

Саркозӣ шабро дар хонааш сипарӣ кард ва саҳар ба идораи пулиси Нантер - воқеъ дар қисмати шимолу ғарби Порис - баргашт. Матбуот бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот менависанд, ки бозпурсии перзиденти пешинро пулиси зиддифасод пеш мебарад.

Тафтиши додгоҳӣ аз рӯи қазияи Саркозӣ соли 2013 дар ҳоле оғоз шуд, ки сомонаи Mediapart иттиҳомеро аз номи соҳибкори фаронсаиву либиягӣ Зиёд Такеиддин нашр кард.

Ин соҳибкор гуфтааст, ки 5 миллион еврои Қаззофиро аз ҳисоби бонкии раҳбари пешини Идораи истихборти Либия ба ҳисоби бонкии раҳбари ситоди интихоботии Саркозӣ интиқол дод.

Николя Саркозии 63-сола, ки аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд, ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.