Дипломатҳои Русия, ки дар заминаи қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал ва духтари ӯ аз Британия ронда шуданд, рӯзи 20 март ба самти Маскав ҳаракат карданд. Қарор аст Шӯрои амнияти миллии Британия дар заминаи ин ҳодиса чораҳои навро алайҳи Русия баррасӣ кунад.
Ихроҷи дипломатҳои ду кишвар бо шеваи "чашм дар ивази чашм" дар ҳоле ҷараён мегирад, ки рӯзи гузашта Иттиҳоди Аврпуо ва НАТО дар ин ҳодиса аз мавқеи Британия пуштибонӣ ва заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия дар Қаламрави Аврпуоро шадидан маҳкум карданд. Коршиносони Британия собит карданд, ки ин газ "Новичок" ном дорад ва дар Русия коркард шудааст. Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, баъди заҳролудшави бо гази фалаҷкунандаи асаб дар шаҳри Солсберии Британия дар бемористон буда, ҳолати онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва ҳамтои ӯ аз Лаҳистон Матеуш Мораветский дирӯз баъди мулоқот гуфтанд, бисёр муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар дар вокуниш ба ин ҳодиса мавқеи ягона бигиранд. Пеш аз Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, шарикони НАТО дар робита ба маҳкум кардани Русия, ки меъёр ва қоидаҳои байналмилалиро нақз кард, муттаҳид шудаанд