Эрон тарафдори раҳбари Суфиҳоро, ки моҳи гузашта гурӯҳи афсарони пулисро бо автобус пахш кард ва се нафарро кушта бар ҷой гузошт, ба марг маҳкум кард.
Ҳодиса моҳи гузашта ҳангоми задухурди пайравони раҳбари Суфиҳои Гунободӣ - Нуралӣ Тобанда бо неруҳои амниятӣ дар Теҳрон рух дод.
Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА рӯзи 19 март навишт, ки марди муттаҳам дар куштори афсарони пулис - Муҳаммад Ризо Салас, барои шикоят аз ҳукми додгоҳ 20 рӯз фурсат дорад.
Дар ҷараёни мурофиаи ҳафтаи гузашта Салас гуфт, ки афсарони пулисро барқасдона накуштааст, ӯ танҳо талош дошт аз саҳнаи задухурд фирор кунад.
Тарафдорони Тобандаи 90-сола дар назди хонаи ӯ нишастаанд ва сарфи назар аз ваъдаи мақомот, ки нияти боздошти раҳбари Суфиҳоро надоранд, аз ин нигарон шудаанд, ки шояд мақомот ӯро дастгир кунанд.
Тасаввуф як шохаи ирфонии Ислом буда, дар Эрон мамнуъ нест. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳукумати Эрон пайравони ин равия, бо шумули Гунободиҳо, яке аз равияҳои бузурги тасафввуфро таъқиб мекунад.
Биноба маълумоти Маркази ҳуқуқи башар, мақари он дар Ню Йорк, моҳҳои ахир якчанд дарвеш дар Эрон боздошт шуд.
Моҳи марти соли 2017, гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Эрон, аз рафтори мақомоти давлатӣ, ки Суфиҳоро ҳадаф қарор додаанд, изҳори нигаронӣ кард. СММ гуфт, ки Суфиҳо дар Эрон ба таври ғайриқонунӣ таъқибу боздошт ва бисёр вақт ба ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ айбдор мешаванд.