Президенти Русия Владимир Путин, ки бино ба маълумоти пешакӣ, дар интихоботи президентӣ беш аз 75 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст, дар ситоди интихоботияш суханронӣ кард.
Ӯ гуфт, феълан қасди тағйир додани Конститутсияи Русияро надорад ва ҳамчунин дар бораи номзадии сарвазири нави кишвараш ҷиддан фикр накардааст. Путин ба ин суол ки сарвазири кунунӣ Дмитрий Медведев курсии худро ҳифз мекунад, ё не, ҷавоб надод.
Раиси ҷумҳури Русия пурсиш дар бораи як давраи дигари президентиро "каме хандаовар" номид ва гуфт "чӣ магар ман то 100-солагиам инҷо менишинам? Не".
Пештар Владимир Путин дар тазоҳуроте ба ҷонибдоронаш миннатдорӣ баён кард. "Шумо гуруҳи умумии моед. Ҳамаи он шахсоне, ки имрӯз раъй доданд, гуруҳи бузурги умумимиллии мо ҳастанд", - изҳор дошт Путин дар назди иштирокчиёни тазоҳуроти "Русия. Севастопол. Қрим" дар майдони Манежи Москва.
Путин сокинони Русияро ба ваҳдат даъват кардва гуфт, "бо мулоҳизаҳои фурсатталабона раҳбарӣ намекунем, мо дар бораи ояндаи фарзандонамон хоҳем андешид. Дар якҷоягӣ корро ба номи Русия оғоз хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Бар пояи ҳисоби 80%-и варақаҳои раъйдиҳӣ, Путин 75,1% ва номзади Ҳизби коммунистии Русия Павел Грудинин 13,38 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.