Каромат Шарипов – раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия – аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё ба ӯ кумак кунад. Русия охири соли гузашта Шариповро ба Тоҷикистон ихроҷ кард ва аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум намуд.
Интизори қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ
Дар дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳол ин созмон аз Каромат Шарипов чунин дархосте дастрас накардааст.
Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 15-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва намехоҳад дар кишвар бимонад. Аммо Душанбе моҳи октябри соли гузашта ба ҷониби Русия гуфтааст, ки “ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст”. Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон низ дар посух ба як номаи Каромат Шарипов гуфтааст, “вай дар солҳои набуданаш шиносномаи кишварро дошт”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ин дурӯғи маҳз аст. Зеро дар Русия афсари бознишаста будам. Гузашта аз ин, тибқи қонунгузории Тоҷикистон шахсе, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвари хориҷӣ хидмат мекунад, наметавонад шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад. Додгоҳи конститутсионӣ бояд дар ин бора ба ман посухи рӯшане диҳад, ки бо айби кадоме аз мақомот чунин ҳуҷҷати тақаллубӣ ба Русия фиристода шудааст", - афзуд Каромат Шарифов.
"Манзиле дар Русия ба номи Каромат Шарипов боқист"
Ҳоло ду тараф қарори Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистонро интизоранд, ки шаҳрвандӣ доштан ё надоштани Каромат Шариповро эълон хоҳад кард. Ин қарор, интизор меравад, аввали ҳафти оянда содир шавад. Каромат Шарипов гуфт, ба ҷаласаи додгоҳ намояндагони САҲА, Созмони Милали Муттаҳид ва сафоратҳои Амрикову Русия, Олмон ва Бритониёро даъват кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарипов дар посух ба ин савол, ки оё намехоҳад шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, гуфт, чунин ҳадаф надорад, зеро манзилаш дар вилояти Маскав аст ва мехоҳад ба Русия баргардад. Вай афзуд, ҳарчанд шаҳрвандии Русияро аз вай гирифтаанд, ҳамчунон манзиле дар ин кишвар ба номи Каромат Шарипов боқист.
Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, дар сурати роҳ ёфтан ба яке аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳад, мақомоти Русия ва Тоҷикистонро барои содир кардани аъмоли ғайриқонунӣ нисбат ба ӯ ба додгоҳ бикашад.
САҲА: Ин масъулияти мо нест
Дар дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳол ин созмон аз Каромат Шарипов чунин дархосте дастрас накардаанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, салоҳияти дафтари САҲА дар пойтахти Тоҷикистон мусоидат ба чунин дархостро дарбар намегирад.
Манбаъ афзуд, эҳтимол салоҳияти созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Тоҷикистон ё сафорати кишварҳои хориҷии муқими Душанбе чунин имконро пешбинӣ мекунанд ва ин кори он созмонҳо мебошад.
Каромат Шарипов рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст.
Мусоҳиба бо Каромат Шарипов. Аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
- Маълумотнома:
- Каромат Шарипов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, худро бештар чун як низомии собиқ муаррифӣ мекунад. Солҳои 1984-1986 дар артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва солҳои 1986-1991 дар сафи артиши советӣ дар Олмон хизмат кардааст. Соли 1991 баъди хатми хизмат дар Олмон ба ҳайати фармондеҳии Округи низомии Туркистон ба Тоҷикистон рафт ва дар сафи артиши Шӯравӣ дар Кофарниҳон хидмат кард. Солҳои 1993-1996 дар ҳайати дивизияи 201-уми Русия (ҳоло пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон) кор кардааст. Солҳои 1996-2000 зери назари фармондеҳии Округи низомии Маскав қарор дошт. Баъди тарки карераи низомӣ соли 2001 дар Русия бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории «Тоҷик-диаспора»-ро таъсис дод. Соли 2003 дар Маскав созмони ҷамъиятии "Народная Лига "Таджики"-ро ташкил кард. Соли 2008 дар Маскав ҷунбиши "Таджикские трудовые мигранты" таъсис ва сабти ном кард.