Писар ва домоди Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, пас аз адои муҳлати ҷазо аз боздоштгоҳ озод шудаанд.
Мақомот Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода, писару домоди Гул Шералиро ҳафтаи гузашта ба майдаавбошӣ айбдор карда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта буданд.
Як манбаъ дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, «писар ва домоди Гул Шералӣ соати 12-и рӯзи панҷшанбе озод шуданд».
Манбаъ афзуд, «Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода муддати муайянкардаи додгоҳро паси панҷара сипарӣ карданд». Аммо Саидакрам Давлатшоев, ки аз ӯ ҳамчун ронандаи писари Гул Шералӣ ном бурда мешавад, ҳамчунон дар боздоштгоҳ қарор дорад ва баъди 10 рӯз озод хоҳад шуд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 13 март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозодаро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, онҳоро субҳи барвақти 10-уми март барои нақзи тартибот ва итоат накардан ба маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ҳабс карданд.
Аммо Гул Шералӣ гуфт, писару домодашро беасос ба ҳабс гирифтанд. Ӯ гуфт, писару домодашро на дар тарабхона, балки баъди ҳозир шудани онҳо дар идораи пулис маҳкам кардаанд. Гул Шералӣ аз соли 2013 бознишаста аст ва дар як ширкати хусусӣ ба ҳайси мушовир кор мекунад.