Иёлоти Муттаҳида аз қарори Британия, ки 23 дипломати Русияро дар робита ба заҳролудшавии ҷосуси пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал аз кишвар берун мекунад, пуштибонӣ намуд.
Дар изҳороти Кохи Сафед, ки рӯзи 14-уми март пахш шуд, гуфта мешавад, Русия дар баробари ҳамла ба шаҳрванди Британия, бо истифода аз заҳри фалаҷкунандаи асаб, масъулият дорад.
Маъмурияти президенти ИМА гуфт, Русия амнияти кишварҳои ҷаҳон ва, ҳамин тавр, демократияи Ғарбро баҳам мезанад. "Ин шеваи ҳамешагии рафтори Маскав аст",- омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.
Рӯзи 14-уми март нахуствазири Британия Тереза Мэй, Русияро ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини истихборот Сергей Скрипал муттаҳам кард ва ба 23 дипломати рус барои хориҷ шудан аз қаламрави кишвар як ҳафта муҳлат дод. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, чораҳои ҷавобии Маскав ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Рӯзи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Як ходими пулис, ки қазияро боҷӯӣ мекард, низ ба бемористон афтод.
Чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса Скрипал ба пулиси Британия гуфта буд, ки аз амнияти худ нигарон аст. Ӯ дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндон шуда буд. Соли 2010 Скрипалро бо ҷосусҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз намуданд.