Боздошти як сокини Зафаробод дар пайи худкушии духтари 18-сола

Як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо гумони ба худкушӣ расондани духтари ҳаждаҳсолае боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин мард ном набурда, танҳо гуфтанд, ки ӯ чанд дафъа бо духтар иртиботи ҷинсӣ доштааст.

«Марди боздоштшуда 29-сола аст ва духтар аз ӯ ҳомила будааст», - гуфтанд дар ВКД рӯзи 15-уми март. Ба қавли манбаъ, «мард телефонӣ шаъну шарафи духтарро паст зада, ҳушдор додааст, ки дар бораи иртиботи ҷинсиаш бо чанд нафари дигар маълумот паҳн карда, ӯро бадном хоҳад намуд.»

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, «маҳз таҳдидҳои ин мард духтарро маҷбур кардааст, ки дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро ба дор кашад».

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Муфаттишон ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса номи духтарро ҳам ошкор накардаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз маълумоти расмӣ, иттилои дигар аз манобеи мустақил дар бораи ин қазия дастрас нест.